- бӯ
- (бӯй)[بو // بوي]бухори нонамоёне, ки аз чиз ва моддаҳои гуногун ҷудо шуда, дар ҳаво паҳн мегардад ва ба воситаи бинӣ - қувваи шомма ҳис мешавад, роиҳа: бӯи бад, бӯи гул, бӯи тунд, бӯи ғализ; бӯй гирифтан бадбӯй шудан, бӯи бад пайдо кардан (дар натиҷаи пӯсиш ва ғ.); бӯ гирондан паҳн кардани бӯи бад дар ҷое; бӯй кардан а) бо қувваи шомма эҳсос кардан, бӯидан; б) пӯсида бӯй пайдо кардан, гандида бӯйнок шудан; бӯ(й) кашидан бӯидан, шамидан, бӯй кардан; бӯ гирифтани саг изи чизеро аз рӯи бӯ дарёфтани саги пайгир◊ рангу бӯ(й) тароват, тару тозагӣ; сарсабзӣ, зебоӣ; бӯй бурдан (аз чизе ё чизеро) чизеро пай бурдан; аз ягон сирри ниҳонӣ андаке огоҳӣ ёфтан; бӯи пилта баромадан ошкор шудан, фош гардидани сирре; бӯи тафт кардан (баровардан) гуфт. а) чизе пухтан; б) чизе пухта худоӣ кардан; бӯи чизе омадан (аз чизе ё касе) зоҳир шудан, маълум шуда истодан (-и нишону аломати чизе ё коре аз чизе, касе); бӯи чизеро баровардан ошкор кардан (сирреро); маълум кардан (кореро); бӯи шир омадан аз даҳони касе ҳанӯз бача будан; аввал гиребонатонро бӯй кунед… аввал вазъ ва чигунагии худро санҷед… (дар мавриди айбгирӣ ба айбгир гуфта мешавад); бӯи умед ҳаст ба иҷро шудани коре андак умед ҳаст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.